Дар баёния омадааст: “«Ғайринизомиён, аз ҷумла занон ва кӯдакон, дар ҳоли кушта шудан ҳастанд. Мо, занони барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел, дар канори сулҳ, адолат ва парҳез аз хушунат истодаем. Аз ҳамаи тарафҳо ва ҷомеаи байналмилалӣ мехоҳем, ки фавран иқдом кунанд, ҷангро қатъ кунед ва ба ҷойи вайронгарӣ муколама кунед.»
Занони барандаи ҷоизаи Нобел таъкид кардаанд, ки « Мо акси садои ҷасуронаи мардуми як минтақа ҳастем, ки мегӯянд, не ба ҷанг.» Наргис Муҳаммадӣ, барандаи ҷоизаи сулҳи Нобели соли 2023, низ аз дохили Эрон паёме ба ин баёния афзудааст: «Ҷанг набояд ояндаи моро шакл диҳад. Ман барои мардуми Эрон, минтақа ва ҷаҳон хостори сулҳ ҳастам.»
Наргис Муҳаммадӣ гуфтааст: «Болотарин қимати ҷангро мардумони ғайринизомӣ мепардозанд, ҷонҳо аз даст мераванд, хонаҳо вайрон мешаванд, хонаводаҳо овора мешаванд. Дар Эрон мардум бо фишори иқтисодии рӯ ба афзоиш ва тарси доимӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.»
Ширин Ибодӣ, барандаи Ҷоизаи Сулҳи Нобел дар соли 2003 бо ҳамовозӣ бо фаъолони ҳуқуқи инсон хостааст, ки қатли мардуми осоишта фавран қатъ шавад, ғанисозии ураниумро бас кунанд, ба ҳамлаҳо ба зербунёдҳои ҳаётӣ дар Эрон ва Исроил хотима бидиҳанд, ба ҳуқуқи мардум эҳтиром бигузоранд ва аз мудохила ба умури дохилии якдигар даст кашанд.
Дар поёни баёнияи муассисаи «Занони Нобел» омадааст: «Биёед садои худро баланд ва бидуни ибҳом барои поёни фаврии ин ҷанг, поёни ҳамаи шаклҳои хушунат ва аҳди дубора ба сулҳ, ҳуқуқ ва озодиҳо баланд кунем. Оташбаси фаврӣ. На ба ҷанг.»
Пас аз оғози ҳамлаҳои Исроил ба таъсисоти атомии Эрон ва қатли фармондеҳони олирутбаи ин кишвар дар рӯзи 13-уми июн тақрибан як ҳафта аст, ки ду тараф ба ҳамдигар ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом медиҳанд. Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯянд, дар ҳамлаҳо даҳҳо ғайринизомӣ ҳам ҷон додаанд.
Хабаргузории Фаъолони Ҳуқуқи Башари Эрон (HRANA) қароргоҳаш дар Амрико 19 июн гузориш дод, ки дар ҳамлаҳои ҳавоии Исроил 263 ғайринизомӣ, 154 нерӯи амниятӣ ва 224 нафар бо ҳувияти номаълум ҷон бохтаанд. Ба гуфтаи хабаргузорӣ, беш аз 1300 нафари дигар низ захмӣ шудаанд. Мақомҳои исроилӣ мегӯянд, дар ҳамлаҳои ҷавобии Эрон ба Исроил 24 нафар кушта шудаанд.
Гуфтугӯ