Рубио: Аксари барномаҳои USAID бекор шуданд

Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико.

Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико рӯзи душанбе, 10 март эълон кард, ки ҳукумати ин кишвар пас аз шаш ҳафта баррасӣ, 83 дарсади барномаҳои Оҷонси рушди байналмилалии Амрико ё USAID-ро бекор мекунад.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Марко Рубио дар шабакаи Х навиштааст, ки 5200 қарордоде, ки бекор мешаванд, даҳҳо миллиард долларро дар роҳҳое харҷ кардаанд, ки ба фоидаи манфиатҳои миллии Амрико набуд ва дар бархе мавридҳо ҳатто ба он осеб расонидааст.

Рубио афзудааст, ки тақрибан як ҳазор барномаи боқимонда зери назорати Вазорати корҳои хориҷӣ ва машварати Конгресс ба таври муассир, татбиқ хоҳанд шуд.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, 20 январи имсол пас аз маросими савгандёдкунӣ, бо имзои як фармон кӯмакҳои хориҷии ин кишварро барои 90 рӯз боздошт.

Вазири корҳои хориҷии Амрико аз Департаменти коромадии ҳукумат бо раҳбарии Илон Маск ташаккур кардааст. Ин идора масъули коҳиши хароҷоти ниҳодҳои давлатии Амрико аст.