Русия ва Украина рӯзи панҷшанбе аз табодули дигари асирони ҷангӣ хабар доданд. Ҳафтаи гузашта ҳам ин корро карда буданд.
Табодули асирон бар асоси тавофуқе сурат мегирад, ки ду тараф дар шаҳри Истанбули Туркия аввали моҳи июн ба даст оварданд. Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина аксеро бо асирони табодулшуда нашр кард.
Ба навиштаи вай, Русия сарбозони Горди миллӣ ва марзбонони Украинаро раҳо кардааст, ки бештарашон аз соли 2022 дар асорат буданд. Онҳо дар қаламравҳои вилоятҳои Донетск, Луганск, Запорожйе, Харков, Суми, Чернигов ва Киев меҷангидаанд.
Пештар аз ин вазорати дифои Русия ҳам дар бораи табодули асирон хабар дод, вале ҳеч яке теъдоди асирони ивазкардаашонро нагуфтаанд. Интизор меравад, ки теъдоди асирони табодулшударо баъди поён ёфтани ҷараёни он, ки ба қавли Зеленский мумкин аст, рӯзҳои 20-21-уми июн хотима ёбад, эълон кунанд.
Аммо аз аксҳои нашршуда бармеояд, ки садҳо нафар сарбозро озод кардаанд. Чанде пеш табодули ҷасадҳои сарбозони талафёфта дар ҷанг сурат гирифт. Русия ба Украина 6 ҳазор ҷасадро баргардонд, Украина даҳҳо нафарро.