Путин рӯзи чаҳоршанбе, 18 июн зимни нишасти хабарии телевизионӣ дар Санкт-Петербург ҳамзамон гуфт, ки кишвараш силоҳҳои вазнин дар ихтиёри Теҳрон гузоштааст, ки рабте бо даргирии кунунӣ бо Исроил надорад.
Ӯ дар посух ба ин пурсиш, ки оё Маскав таҷҳизоти низомии муосир дар ихтиёри Теҳрон мегузорад, то дар баробари Исроил аз худ дифоъ кунад, гуфт, қарордоди ҳамкории стратегӣ миёни Теҳрон ва Русия, ки соли гузашта имзо шуд, шомили ҳамкориҳои низомӣ намешавад.
Ин дар ҳоле аст, ки Русия дар ҷараёни ҳамлаҳои худ ба Украина дар се соли гузашта, аз паҳбодҳои эронӣ истифода кардааст, ки ин иқдом боиси бархе таҳримҳо алайҳи Эрон аз сӯи Амрико ва Аврупо шуд.
Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Путин дар посух ба суоле дар бораи террори эҳтимолии Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон аз сӯи Исроил гуфт, ки "ҳатто намехоҳад дар ин мавзӯъ суҳбат кунад".
"Ман ин мавзуъро шунидаам, аммо ҳатто намехоҳам ба он фикр кунам ва дар борааш ҳарфе бизанам",-гуфт Путин.
Мавзуи террор ва куштани раҳбари Эрон нахустин бор дар суханони Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил матраҳ шуд ва ӯ иддао кард, ки "куштани оятуллоҳ Хоманаӣ метавонад ба поёни ҷанг кӯмак кунад".
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ҳам дар пайи ин изҳорот иддао карда буд, ки Амрико аз маҳали будубоши Хоманаӣ огоҳ аст, аммо "ҳоло барномае барои куштани ӯ надорад".
Путин ҳамчунин дар ин нишасти хабарии худ гуфт, ки дар Эрон дар атрофи раҳбарии сиёсии он кишвар "инсиҷом", шакл гирифтааст.
Раисҷумҳури Русия ҳамчунин бо ишора ба ҳузури "200 мутахассис"-и Русия дар нерӯгоҳи ҳастаии Бушаҳр эълон кард, ки Маскав бо раҳбарони Исроил тавофуқ кардааст, ки амнияти ин афрод таъмин шавад.
Исроил рӯзи 13 июн ба таври ногаҳонӣ ба таъсисоти низомӣ ва ҳастаии Эрон ҳамла кард. Дар пайи ин ҳамлаҳо, шуморе аз фармондеҳони баладпояи низомии Эрон кушта шуданд.
Эрон ҳам дар вокуниш шаҳрҳои Исроилро ҳадаф қарор дод ва гуфт, ки ба таъсисоти низомӣ ва иқтисодии он кишвар зарбаи сахт задааст.
Бар асари ин ҳамлаҳо то кунун аз ҳар ду ҷониб даҳҳо нафар кушта ва садҳо тан захмӣ шудаанд.