Чин ба 5 кишвари Осиёи Марказӣ якуним миллиард юан кӯмак мекунад

Нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дар Остона дар рӯзи 17-уми июн.

Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин гуфт, кишвараш имсол ба кишварҳои Осиёи Марказӣ якуним миллиард юан ва ё тақрибан 210 миллион доллар кӯмаки молии бебозгашт мекунад.

Ӯ рӯзи 17-уми июн зимни суханронӣ дар нишасти дуввуми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дар шаҳри Остона гуфтааст, пули мазкур барои тарҳҳои иҷтимоии муҳим харҷ мешавад, ки ҳадафи онҳо беҳтар кардани некӯаҳволии мардум ва рушди пойдори панҷ кишвари Осиёи Марказӣ аст.

Раҳбарони Тоҷикистону Узбекистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Туркманистон дирӯз дар ҳамоиши «Чин ва Осиёи Марказӣ» роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва амниятиро баррасӣ кардаанд. Раиси ҷумҳури Чин ҳамчунин гуфтааст, кишвараш омода аст, барои бештар омӯхтани забони чинӣ дар донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ марказӣ марказҳои нав боз кунад ва омӯхтани забонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Чинро вусъат мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин нишаст дар бораи тақвияти ҳамкориҳои Чин ва кишварҳои минтақа сухан гуфта, афзудааст, ки таҳкими сулҳу суботи пойдор ва зиндагии осоишта дар минтақа ва атрофи он яке аз ҳадафҳои асосии ҳамкории бисёрҷониба аст.

Ба ақидаи коршиносони ғарбӣ, ҳузури афзояндаи Чин дар минтақа қарзҳои азими он ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба рушди иқтисодии онҳо мусоидат мекунад, аммо айни замон суолҳо дар бораи пойбандии панҷ кишвар ба ҳамсояи азимашон, тағйири самтгириҳои геополитикӣ ва тақвияти худкомагӣ дар онҳоро ба миён овардааст.