Дар Думаи давлатии Русия тарҳи наверо мехоҳанд баррасӣ кунанд, ки он дар сурати надоштани бимаи тиббӣ иҷоза медиҳад, ки муҳоҷирон аз хоки Русия ихроҷ карда шаванд. Тарҳи қонунро ҷиноҳи Ҳизби либерал-демократи Русия пешниҳод кардааст.
Дар шарҳи зарурати чунин қонун гуфта шудааст, ки «агар коргари хориҷӣ дар Русия бимаи тиббӣ ё шаҳодатномаи бимаи тиббиро надошта бошад, ӯро бояд ба рӯйхати афроди таҳти назорат ворид кунанд». Дар феҳрасти мазкур, номи хориҷиёне шомил шудааст, ки гӯё дар Русия қонуншиканӣ кардаанд ва онҳоро метавонанд, аз кишвар берун кунанд.
Леонид Слутский, раҳбари ЛДПР иддао кард, ки дар панҷ соли гузашта хароҷоти давлат барои хадамоту харҷи тиббии муҳоҷирон 66 миллиард долларро ташкил додааст ва ин пул метавонист барои сохтмони дармонгоҳу шифохонаҳо сарф шавад. Маълум нест, то куҷо ин омор дуруст ва воқеӣ аст, вале дар сурати қабули қонуни нав он яке дигар аз қадамҳои ҳукумати Русия барои маҳдуд ва сахт кардани кардани ҳузури муҳоҷирон дар кишвар мешавад. Вакилони Думаи давлатии Русия гуфтаанд, баъди ҳамла ба «Крокус» дар соли 2024 дар умум зиёда аз 30 қонуни зидди муҳоҷирон қабул шудааст.